Аввалин луғати тоҷикӣ дар App Store пешниҳод шуд
Дирӯз, 26-уми март аввалин луғати бисёрзабонаи сохти барноманависони тоҷик- «Калима» дар App Store пешниҳоди истифодабарандагони таҷҳизоти Apple гардид.
«Калима» луғати электронии бисёрзабонае мебошад, ки аз 7 забон: тоҷикӣ, англисӣ, русӣ, немисӣ, туркӣ, чиноӣ, испонӣ ва инчунин фарҳанги забони тоҷикӣ иборат буда, дар маҷмӯъ 1 300 000 калимаро дар бар мегирад. Он давоми солҳои 2011-2012 таҳия гардидааст. Дар барнома ҳамчунин аудиофайлҳо бо талаффузи тахассусии калимаҳои англисӣ мавҷуд аст, ки барои омӯзиши забони англисӣ кӯмак мерасонад.
Луғат дар 3 системаи омили компютерии машҳур - Windows, MacOS ва Linux кор мекунад. Инчунин, он дар телефонҳои мобилӣ бо системаҳои омили Android, Windows Phone, Blackberry ва IOS бе мамоният қобили истифода аст.
Ин барнома дар навъи худ аввалин аст. Тавре таҳиягарони он мегӯянд, то ҳол луғате вуҷуд надошт, ки дар системаи омили телефонҳои мобилӣ фаъол бошад. Луғати электронии Kalima бо системаи ба қайдгирии махсус ҳифз шудааст, ки танҳо дар як дастгоҳ кор мекунад.
Маълумоти мухтасари техникӣ оид ба луғати электронии Kalima:
• Ҳаҷм: 335mb
• Системаҳои оператсионӣ барои компютер: Windows, Linux, MacOS
• Системаҳои оператсионии мобилӣ: Android, Windows Phone, BlackBerry, IOS
• Барномаи сабткуни: Windows Installer 3.1 ва Net framework 2.0 ё ин ки болотар