Amnesty International нопадид шудани раиси ҷамъияти узбакҳоро 'сиёсӣ' хонд
Созмони Авфи Байналмилал (Amnesty International) бо интишори номае ғайб задани Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро дар остонаи интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ «одамрабоии сиёсӣ» хондааст.
Дар номаи созмон омадааст, «нопадид» шудани Шамсиддинов метавонад сабабҳои сисёсӣ дошта бошад. Бино ба маълумоти пайвандони Шамсиддинов, вай шоми 15-уми марти соли ҷорӣ аз хона баромада, то ҳол барнагаштааст.
Раҳматулло Зоиров, раиси ҲУСДТ, баъд аз ғайб задани Шамсиддинов бо пахши як изҳорот бедарак шудани раиси ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба ҳамкорӣ бо ӯ марбут дониста ва гуфта буд, эҳтимол масъулини мақомоти амнияти давлатӣ ӯро ба Душанбе интиқол додаанд. Дар изҳорот гуфта мешуд, чанде пеш мақомоти амният аз ҳамкории Салим Шамсиддинов бо раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон - Раҳматулло Зоиров эрод гирифтаанд.
Раҳматулло Зоиров дар изҳороти худ ба унвони ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов ва раҳбари кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтааст, Салим Шамсиддинов аъзои ҲУСДТ набуда, тибқи Қонуни асосӣ дар робита ба боздошт шудан ва ё нашудани вай чораҳои ҳуқуқӣ андешида шавад.
Дар номаи Amnesty International аз мақомоти Тоҷикистон даъват мешавад, ки ба зудӣ ҳодисаи ғайб задани Шамсиддиновро тафтиш ва маҳалли буду боши вайро дақиқ ва натиҷаҳои тафтишро эълон кунанд. Ҷои ёдоварист, ки 5-уми майи соли 2012 Салим Шамсиддинов дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар кӯчаи рӯ ба рӯи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Хатлон аз ҷониби 3-4 марди ношинос лату куб шуд. Ин ҳамла ба мусоҳибаҳои матбуотии вай иртибот дода мешавад, ки ҷаноби Шамсиддинов ҳукумати Тоҷикистонро дар пеш бурдани сисёсати миллатгароӣ пеш мебарад.