Раҷаби Мирзо дар Восеъ ғолиб омад... Пеш аз интихобот
Раҷаби Мирзо, журналисти маъруфи тоҷик, барандаи ҷоизаи ба номи Абдулҳай Мирзоев дар ноҳияи Восеъ гардид.
Роҳбари маркази сотсиологии «Бозтоб» ва муассиси нашрияи «Рӯзи нав» дар бахши матбуоти озмун ба мақоми аввал расид. Озмуни мазкур соли гузашта дар рӯзҳои таҷлил аз 100 солагии матбуоти тоҷик дар ноҳияи Восеъ эълон шуд ва дар Наврӯзи имсол ҷамъбаст гардид.
Ба ҷуз аз Раҷаби Мирзо ҳамчунин Хоҷа Назрӣ, муҳаррири барномаҳои шабакаи телевизионии «Мавҷи озод» дар бахши телевизион ва Ҷонибеки Асрориён, сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» дар бахши радио ҷоизаи ба номи Абдулҳай Мирзоевро ба даст оварданд. Абдулҳай Мирзоев аввалин сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Барои коммунизм» (баъдан «Мубориз» ва феълан «Гулхани Восеъ») мебошад.
Раҷаби Мирзо ҳамчунин муддаии курсии холишудаи Маҷлиси намояндагон дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи №39 (Восеъ) мебошад. Ӯ ба таври худпешбарӣ мехоҳад дар ин маърака ширкат варзад. То кунун Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби халқӣ-демократӣ асноди лозимро ба комиссияи ҳавзавии интихоботии №39 пешниҳод кардаанд. Аввалӣ номзадии Зайниддин Сафаров, мутахассиси соҳаи кишоварзӣ ва яке аз поягузорони ҳизби аграрӣ ва дуюмӣ Ибодулло Неъматов, раиси ҷамоати Рудакии ноҳияи Восеъро пешбарӣ кардааст.
Интизор меравад, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам номзади худро пешниҳод кунад.
Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи якмандатии Восеъ №39, 5-уми май баргузор мешавад. Рустам Латипов, намояндаи ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҳамин ҳавза ба ҳайси вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуд, ахиран бо амри райисҷумҳур райиси ноҳияи Восеъ интихоб гардид.