Никола Кавазович: Қарордоди ман бо тими миллии Тоҷикистон анҷом ёфт
Никола Кавазович, сармураббии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол гуфт, ки дар роҳхат нагирифтани яккачини кишвар ба даври финалии Ҷоми даъвати АФК-2014 худро гунаҳкор намеҳисобад, вале дарки масъулият ва шарм мекунад.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии сабқати интихобии Ҷоми даъвати AФК-2014 аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд.
Ин бозӣ, ки барои ҳар ду даста ҳалкунанда буд, 21-уми март дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови Бишкек баргузор гардид. Голи ягонаи дидорро Девид Тетте, бозигари дастаи Қирғизистон дар дақиқаи 42-юми сабқат вориди дарвозаи футболбозони тоҷик намуд ва дастаашро бо роҳхати давраи ниҳоӣ таъмин кард.
Никола Кавазович дар нишасти матбуотие, ки баъди анҷоми дидори Тоҷикистон-Қирғизистон сурат гирифт, афзуд, ки барои даври интихобии Ҷоми даъвати АФК ҳамагӣ даҳ рӯз омодагӣ гирифтаанд: «Ба фарқ аз дигар дастаҳои мунтахаб мо вақти камтаре барои омодагӣ доштем, вале бо вуҷуд футболбозони тоҷик талоши зиёд карданд ва ман бо онҳо ифтихор дорам».
Номбурда ҳамчунин гуфт, мунтахаби футболи Тоҷикистон имконияти хуби рушд дорад: «Ман ба ин тим дар оянда муваффақият мехоҳам. Аз нуктаи назари як тамошобин аз пешравиҳояш хушнуд мешавам. Қарордоди ман бо тими миллии Тоҷикистон якуми апрел ба итмом мерасад. Фикр мекунам, кори ман ин ҷо анҷом ёфт».