Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистону Афғонистон ва Турманистон тобистон шурӯъ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карҳай ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов зери ёддошти тафоҳум дар мавриди бунёди роҳи оҳан миёни Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон имзо гузоштанд.
Ин мавзӯъ шоми чоршанбеи 20-уми март дар шаҳри Ашқобод зимни мулоқоти сеҷониба баррасӣ гардид. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳури Туркманистон дар анҷоми ин дидор изҳор дошт, ки қарор аст сохтумони ин роҳи оҳан моҳи июли соли равон оғоз ёбад.