Интерпол “гумшавӣ”-и Қувватовро аз боздоштгоҳи Дубай "дурӯғ" хонд
Пулиси байналмилалӣ ё “Интерпол” бо пахши як изҳорот аксари хабарҳои ВАО-ро оиди раванди боздошту истирдоди Умаралӣ Қувватов аз Дубай дуруғ хондааст.
Ин ниҳод хабарҳоро вобаста ба рад шудани истирдоди Қувватов Умаралӣ ба Тоҷикистон, гумшавиаш аз боздоштгоҳи муваққатии Дубай ва доир гардидани мурофиаи навбатии Қувватовро дар рӯзи 10 апрели соли равон инкор менамояд.
“Интерпол” мегӯяд, бо дархости Бюрои марказии миллии «Интерпол» дар Тоҷикистон, мақомоти Дубай расман ҷавоб доданд, ки Қувватов Умаралӣ ғайб назадаст ва айни замон дар маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ қарор дошта, мурофиаи навбатии судии ӯ рӯзи 7 апрели соли равон доир мегардад. “Интерпол” инчунин таъкид кардааст, ки вакили мудофеи Қувватов, ҳуқуқшинос аз худи Аморати Муттаҳидаи Араб мебошад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои хабарӣ аз қавли Николай Николаев, ки худро вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов мегӯяд, хабар доданд, ки нафари таҳти ҳимояташ 15-уми март аз боздоштгоҳ дар Дубай “гум шудааст”. Аз ҷумла Николаев дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “ҳамроҳони Қувватов дар боздоштгоҳи Дубай гуфтанд, соати дуи шаб одамон дар либосҳои сиёҳ омада, ӯро гирифта рафтаанд. Баъд аз ин тамос бо ӯ қатъ шуд».
Умаралӣ Қувватов, раҳбари «Гурӯҳи 24», ки худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон эълом кардааст, моҳи декабри соли 2012 дар фурудгоҳи Дубай дастгир ва дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешуд. Даҳуми март додгоҳи Дубай дархости Тоҷикистон барои истирдоди сареи Қувватов ба Душанберо рад карда ва гуфта буд, мурофиа оғози моҳи апрел идома хоҳад кард.
Мақомоти тоҷик Умаралӣ Қувватовро дар дуздии 6 миллион доллар маблағи ширкатҳои Тоҷирон ва Фароз муттаҳам медонанд. Ҷаноби Қувватов тобистони соли гузашта ба Маскав рафта, аз таъсиси созмони сиёсӣ ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон -- "Гурӯҳи 24" хабар дод. Ӯ дар изҳороти худ ба унвони раҳбари ин гурӯҳ гуфта буд, дар интихоботи соли 2013 бояд Эмомалӣ Раҳмон ширкат наҷӯяд.