Э. Раҳмон ба Ислом Каримов дастархони пурноз орзу кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба муносибати иди Наврӯз ба сарварони кишварҳои Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Туркия, Покистон, Эрон ва Афғонистон барқияҳои табрикӣ ирсол намуд.
Тавре аз Дафтари матбуотии раисиҷумҳур ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоёни худ ва мардумони минтақа дастурхони пурнозу неъмати наврӯзӣ ва дар соли нави аҷдодӣ маваффақияту бурдбориҳо орзу намуд.
Манбаъ мегӯяд, аз сарварони кишварҳои хориҷӣ низ ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияҳои табрикии зиёд ворид шудаанд.