Баррасии баҳсҳои обии Душанбею Тошканд дар Ню-Йорк
Имрӯз, 22-юми март дар дафтари марказии СММ дар Ню-Йорк, Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон бо намояндагони олимақоми Узбакистон ва кишварҳои дигари ҷаҳон масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обро баррасӣ мекунад.
Тавре бахши робита бо ҷомиаи СММ иттилоъ медиҳад, Узбакистонро дар ин муколамаи интерактивӣ Шавқат Ҳамроев, муовини вазири кишоварзӣ ва хоҷагии оби ин кишвар намояндагӣ мекунад. Дар ин ҳамоиш истифодаи об дар бахшҳои энержӣ, истеҳсолот, кишоварзӣ, ки мояи сӯитафоҳумҳо дар Осиёи Марказӣ гардидаанд, баррасӣ мешаванд. Шавқат Ҳамроев дар суҳбат бо Радиои СММ аллакай мавқеи Тошкандро барои ҳалли баҳсҳои обӣ баён дошта, онро дар бунёди нерӯгоҳҳои хурд гуфтааст:“Мо ҷонибдори он астем, ки дар дарёҳои Осиёи Миёна нерӯгоҳҳои хурд сохта шаванд, ки ба ҷараёни об ва низоми экологии ҳавзаашон таъсире нахоҳанд дошт.”
Дар ҳамин ҳол, Узбакистон бори дигар таъкид кардааст, ки муқобили сохтмони нерӯгоҳҳоои бузург, аз ҷумла Роғун дар Тоҷикистону Қамбарота дар Қирғизистон аст. Мақомоти узбак иддао доранд, ки дар сурати сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” зарари хоҷагии қишлоқи Узбакистон ба 600 миллион доллар дар як сол расида, ҳудуди 300 ҳазор нафарро дар ин кишвар бекор мемонад.
Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават ва садди 335 метра, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Давлати Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки иддаои зарари "Роғун" асосе надоранд, зеро об дар садди нерӯгоҳ ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ гардида, ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа истифода хоҳад шуд.