Беэҳтиётии келин боиси фавти кӯдаки дусола шудааст
Шаби 18-уми март бар асари сӯхтор дар ноҳияи Шаҳритуз як кӯдаки дусола фавтидаст.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, 18-уми март, соати 08-30 дақиқа манзили зисти шаҳрванд Миноҷиддин Назаров соли таваллудаш 1960, воқеъ дар кӯчаи Зиёдалиеви шаҳраки Шаҳритузи вилояти Хатлон оташ гирифта, қисмҳои чубини боми бино ва молу ашёи хона дар масоҳати 15 метри мураббаъ сӯхта нобуд шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, набераи соҳибхона Оиша Назарова соли таваллудаш 2011, 98 % ҷароҳати сӯхтагии бадан бардошта фавтидааст. Масъулини Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин фоҷиа муайян намуд, ки вайрон намудани қоидаҳои истифодабарии асбоби барқии маишӣ боиси сӯхтор гашта, гунаҳгори сӯхтор, келини соҳибхона Шабмеза Ризоева соли таваллудаш 1991, арзёбӣ мешавад. Зарари молӣ аз сӯхтор 5000 сомонӣ баҳогузорӣ шудааст.