Тошканд бунёди нерӯгоҳҳои хурдро ягона роҳи ҳалли баҳсҳои обӣ гуфт
Тошканд ягона роҳи ҳалли баҳсҳои обию энергетикиро дар минтақа, бунёди нерӯгоҳҳои хурд медонад.
Ин нуктаро дар суҳбат бо Радиои Созмони милали муттаҳид, Шавқат Ҳамроев, муовини вазири об ва хоҷагии қишлоқи Узбакистон изҳор доштааст: “Мо ҷонибдори он астем, ки дар дарёҳои Осиёи Миёна нерӯгоҳҳои хурд сохта шаванд, ки ба ҷараёни об ва низоми экологии ҳавзаашон таъсире нахоҳанд дошт.”
Дар ҳамин ҳол, Узбакистон бори дигар таъкид кардааст, ки муқобили сохтмони нерӯгоҳҳоои бузург, аз ҷумла Роғун дар Тоҷикистону Қамбарота дар Қирғизистон аст. Мақомоти узбак иддао доранд, ки дар сурати сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” зарари хоҷагии қишлоқи Узбакистон ба 600 миллион доллар дар як сол расида, ҳудуди 300 ҳазор нафарро дар ин кишвар бекор мемонад.
Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават ва садди 335 метра, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Давлати Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки иддаои зарари "Роғун" асосе надоранд, зеро об дар садди нерӯгоҳ ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ гардида, ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа истифода хоҳад шуд.