Путин созишнома дар бораи пойгоҳи 201-ро ба Дума фиристод
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, созишнома дар бораи будубоши низомиёни рус дар Тоҷикистонро барои тасвиб ба парлумони кишвараш ирсол намудааст. Дар ин бора сомонаҳои расмии Русия хабар доданд.
Созишнома дар бораи будубоши 30-солаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардид, то ҳол аз ҷониби парлумони ин кишварҳо тасвиб нашудааст. Ахиран Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-ум аз дигар тавофуқоти Раҳмону Путин дар бахшҳои муҳоҷирату энергетика ҷудо нест ва дар назар аст, ки ин созишномаҳо ҳамзамон тасвиб гарданд.
Аммо тавре нашрияи “Коммерсант” бо такя ба манобеаш дар мақомоти Русия менависад, Валерий Герасимов, муовини аввали вазири мудофеи ин кишвар ахиран зимни сафараш ба Душанбе хостааст, созишнома дар бораи пойгоҳ ҳар чи зудтар тасвиб шавад ва Маскав интизор дорад, ки Душанбе ин корро давоми як моҳи оянда анҷом медиҳад. Ба навиштаи “Коммерсант” Маскав аллакай ду шарти асосии Душанбе, дар мавриди тамдиди ҳузури беқайди муҳоҷирони тоҷик ва лағви боҷи маҳсулоти нафтиро иҷро кард. Дар баробари ин, “Коммерсент” бо такя ба манобеаш дар мақомоти Русия иттилоъ медиҳад, ки акнун Душанбе аз Маскав хостааст, дар бораи сармоягузории бештар ба гидроэнергетика ва таҷҳизонидани артиши Тоҷикистон созишнома имзо шавад. Аммо Маскав изҳор доштааст, ки ба ивази пойгоҳи 201-ум ба ин гузаштҳо моил нест.