Баррасии парвандаи ҷиноӣ марбут ба нашъаҷаллобии Абдуҳамид Ҷумъаев аз ҷониби додситонии кулл ба поён расида ба суд ирсол гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин шахс барои ғайриқонунӣ истеҳсолу таҳия, коркард ва интиқол додани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои мадҳушкунанда аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ба миқдори махсусан калон аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт гардида буд.Тафтишоти додситонӣ муайян намудааст, ки Абдуҳамид Ҷумъаев бо маҳкумшуда Аҳтам Ӯроқов дар моҳи сентябри соли 2008 дар назди бозори марказии шаҳри Тунрсунзода аз Умед ном шахси ба тафтишот номаълум 5 килову 200 грамм маводи нашъадори навъи ҳероин ва 9 килову 800 грамм ҳашиш гирифта берун аз Тоҷикистон интиқол додааст. Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи Олӣ Абдуҳамид Ҷумъаев ба мӯҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.{jathumbnail off}