Фавти 1800 корманди пулиси афғон дар як сол
Бар асари амалиёти ҷангӣ, назири таркиши мин, ҳамлаи фидоиёни маргталаб ва дигар бархурдҳои мусаллаҳона дар Афғонистон давоми як соли ахир наздики 1800 корманди пулис ҷони худро аз даст додааст.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Афғонистон, гуфтааст, талафоти ҷонии кормандони пулис дар қиёс ба соли сипаришуда аз рӯйи тақвими исломӣ ба 15% афзудааст: «Дар ин давом беш аз се ҳазор корманди ВКД ҷароҳат бардоштаанд».
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилаи Афғонистон дар як соли ахир 6300 ошубгар кушта ва 6800 нафари дигар боздошт шудааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯйи ВКД-и Афғонистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир амнияти 87 дарсади кишварро нерӯҳои афғон бар душ дорад.