21-уми март дар Душанбе борон меборад
Идораи боду ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, 21-уми март, рӯзи якуми таҷлили Наврӯз дар кишвар боришоти борон дар назар аст.
Тавре аз ин идора ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, фардо, 19-уми март дар шаҳри Душанбе боришот дар назар нест. Рӯзи 20-уми март низ борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон ба муносибати Иди Наврӯз, сар аз 21 то 26-уми март рӯзҳои истироҳат эълон шуда, чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.