Раиси шўрои ВАО Зинатулло Исмоилов қайд кард, ки «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мутобиқ ба қонунгузории ҶТ, суннатҳо ва дастовардҳои рўзноманигории муосир таҳияву қабул шудаанд. Хушбахтона, ҷомеаи журналистони тоҷик торафт барои риояи ин меъёрҳо масъулияти бештаре нишон медиҳанд.
Дар охир аз тарафи ширкаткунандагони мизи мудаввар пешниҳод гардид, ки дар назди шўрои ВАО телефони боварӣ ташкил карда шавад, то ҳар нафар тавонад фикру андеша ва пешниҳодоташро дар бораи риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ баён созад. Ин пешниҳод бо мамнуният пазируфта шуд. Манбаъи хабар меафзояд, дар наздиктарин фурсат «Шарҳи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» нашр шуда, миёни журналистон паҳн карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шўрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон санадҳои меъёрии байналмуллалӣ, оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.{jathumbnail off}