Боздошти ҷавоне бо иттиҳоми куштори ҷавонзан дар Шаҳринав
Мақомоти пулиси ноҳияи Шаҳринав бо иттиҳоми куштори ҷавонзани 30-сола, шаҳрванд Хуҷамуродов Юлдошмурод Маҳмадмуродович соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Навободи ҳамин ноҳияро дастгир кардааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, аз рӯи фарзияи тафтишот Юлдошмурод Хуҷамуродов рӯзи 16.03.с.2013, аз рӯи хусумати шахсӣ шаҳрванд Саидова Малоҳат Эшонқуловна, соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Навободро ба воситаи олоти халандаю буранда ба қатл расонидааст.
Мақомоти пулис мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.