Мардуми Тоҷикистон дар Наврӯз 6 рӯз истироҳат мекунанд
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мегӯянд, дар рӯзҳои таҷлили иди байналмилалии Наврӯз тоҷикистониён 6 рӯз истироҳат хоҳанд дошт.
Тавре Муродалӣ Солеҳов, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикитсон, ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, “мутобики қонугузории Тоҷикистон ва дар асоси Кодекси меҳнат дар бораи рӯзҳои ид, чун 23 ва 24-уми март ба шанбе ва якшанбе рост меоянд, бинобар ин рӯзҳои 25 ва 26-ум рӯзи истироҳат эълон карда мешаванд.
Баробари ин манбаъ таъкид кард, ки сохторҳое, ки реҷаи кории худро доранд, рӯзҳои истироҳатро худашон муайян мекунанд.