Афғонҳо туҳфаҳои Бердимуҳаммедовро хилофи фарҳангашон хонданд
Мардуми афғон кӯмаки башардӯстонаи Туркманистонро, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз ба онҳо ироа намуда буд, бозпас ба тукманҳо гардондаанд.
Ба навиштаи расонаҳои хабарӣ мардуми афғон тамоми он либосҳоеро, ки Туркманистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба ин кишвар ирсол намуда буд, ба хотири рост наомадан ба фарҳанги онҳо баргардондаанд. Расонаҳо менависанд, шаҳрвандони Афғонистон либосҳои фиристодаи туркманҳоро бар ивази сӯзишворӣ ба тоҷирони туркман бо нархи хело ҳам арзон фурӯхтаанд.
Ёдрас менамоем, бар асоси дастури Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз ба тарбиятгирандаҳои хонаи кӯдакон ва мактаббачаҳои як қатор вилоятҳои Афғонистон кӯмаки башардӯстона ироа гардида буд.
Ба иттилои Дафтари матбуотии президенти Туркманистон кӯмакҳо аз либоси варзишӣ, дафтару қалам ва маҳсулоти қаннодӣ иборат буданд.