Убайдуллоев барои гуштӣ ва пойгаи наврӯзӣ 110 ҳазор додааст
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд бахшида ба таҷлили Наврӯз соати 10-и рӯзи 24-уми март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи равон ва соати 10-и рӯзи 25-уми март мусобиқаи гуштии миллӣ доир мегардад.
Тавре аз шаҳрдории пойтахт ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, бар асоси қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, барои гузаронидани мусобиқаҳои пойгаи равон ва гуштии миллӣ дар пойтахт 109 ҳазору 550 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Убайдуллоев дастур додааст, ки ба чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон беҳтарин варзишгарону аспони ҷумҳурӣ ҷалб гарданд.
Инчунин шаҳрдори Душанбе ба сохторҳои қудратӣ супориш додааст, ки таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятиро дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз зери назорати қатъӣ гиранд.