Куштори се пулиси афғон аз тарафи марзбонони узбак
Марзбонони Узбакистон се нафар аз кормандони пулиси афғонро дар шимоли вилояти Балх ба қатл расонидаанд.
Тавре расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд, марзбонони узбак шоми 16-уми март ба тарафи ҳафт тан аз кормандони пулиси Афғонистон, ки дар минтақаи дарахтзор, воқеъ дар миёни Амударё қарор доштаанд, оташ кушодаанд.
Мақомоти афғон мегӯянд, дар ин тирпаронӣ, ки дар қаламрави Афғонистон сурат гирифтааст, се нафар корманди пулиси ин кишвар кушта шудаанд. Ҳоҷӣ Шарофуддин, раиси деҳае дар наздикии ин ҳодиса мегӯяд, ба сӯйи кормандони пулиси афғон дар ҳоле оташ кушода шудааст, ки онҳо ба ягон қонуншикание нисбат ба ҳамсоякишвари мо, Узбакистон роҳ надода буданд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Узбакистон чанде қабл эълон намуда буд, ки 30 нафар аз шаҳрвандони Афғонистон 14-уми март марзи ин кишварро ғайриқонунӣ убур намуда, ба марзбонони узбак ҳамла намуда буданд ва дар натиҷа се нафари аз онҳо ба қатл расонида шуд.