Ҳушдори фурудгоҳ: Меваю сабзавот мусодира мешавад, агар...
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз мусофирон, ки ба Русия раҳсипоранд, хоҳиш мекунад, ки бо худ меваю сабзавотро нагиранд ё онро ба таври лозима ҳуҷҷатгузорӣ кунанд.
Тавре Муҳаммадюсуф Шодиев, котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, аз 16-уми апрели соли 2012 «Хадамоти назорати маҳсулоти кишоварзии Русия» ворид намудани меваи тар, сабзавот ва хушкмеваро андаруни бори дастӣ ва бағоҷи мусофирон аз Тоҷикистон ба қаламрави Русия муваққатан маҳдуд кардааст.
Манбаъ афзуд аз муҳоҷирони меҳнатӣ эҳтиромона хоҳиш мешавад, агар бо худ кабудӣ, меваи тар, сабзавот ва хушкмева дошта бошанд, барои гирифтани иҷозатнома ба бунгоҳи фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ дар назди фурудгоҳи Душанбе муроҷиат намоянд.
Ӯ мегӯяд, дар сурати надоштани ҳуҷҷати зарурӣ сабзавоту меваҷоти мусофирон дар фурудгоҳҳои Федератсияи Русия мусодира карда мешавад.