Иванов хостори роҳандозии виза бо Тоҷикистон шудааст
Виктор Иванов, сардори Хадамоти федералии мубориза бо маводи мухаддири Русия ба ҷонибдории виза бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон баромад кардааст.
Иванов, ки тариқи шабакаи телевизионии “Русия 1” баромад мекардааст, кишварҳои Осиёи Миёнаро воридкунандаи асосии мухаддирот ба Русия арзёбӣ намуда, таъкид кардааст, ки роҳандозии виза бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон воридоти мухаддиротро ба Русия 30 баробар коҳиш медиҳад.
Тавре хабаргузории русии “РБК” аз қавли Иванов хабар медиҳад, низоми соддаи воридшавӣ ба Русия ба шаҳрвандони Осиёи Миёна имкон медиҳад, ки ба осонӣ мухаддиротро вориди Русия созанд: “Нашъаҷаллобон соле то 100 маротиба сарҳадоти Русияро убур мекунанд ва акнун замони он расидааст, ки ба ин раванд хотима диҳем.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Русия мегуфтанд, нияти ҷорӣ намудани виза бо кишварҳои Осиёи Миёнаро надоранд. Константин Ромадановский, сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия, визаро бо кишварҳои Осиёи Миёна хилофи аҳдофи гузоштаи Владимир Путин гуфт, ки ният дорад, тавассути созмони Иттиҳоди Авруосиё ҳаракати бемонеаи пул, нерӯи корӣ ва сармоягузоронро дар минтақа таъмин намояд.
Аммо бархе аз сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия, аз ҷумла соҳибкори маъруфи ин кишвар, Михаил Прохоров барои коҳиш додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир пешниҳод доранд, ки бо Осиёи Миёна виза ҷорӣ гардад.
Аз Тоҷикистон ба Русия ҳамасола то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ мераванд ва маблағи интиқолдодаи онҳо сарчашмаи асосии муътадилии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.