Ҳунармандони тоҷик ба Ашқобод раҳсипор шуданд
Имрӯз, 18-уми март, ҳунармандони тоҷик барои иштирок дар базми наврӯзӣ ба шаҳри Ашқободи Туркманистон мераванд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, 20 ҳунарманди тоҷик аз Филармонияи давлатӣ тибқи даъват барои иштирок дар ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки рӯзи 21- уми март баргузор мегардад, ба Ашқобод мераванд.
Баробари ҳунармандон, намояндагони «Тоҷикматлубот» низ барои иштирок дар ин ҷашн ба Ашқобод рафта, дар он ҷо дастархони наврӯзии тоҷикиро ба намоиш хоҳанд гузошт.
Соли 2011-ум аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз чун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, акнун дар кишварҳои минтақа дар сатҳи олӣ таҷлил мегардад. Соли гузашта Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки раисони ҷумҳуриҳои минтақа дар Тоҷикистон таҷлил гардида буд.