“Тоҷиксементстрой”-и Душанбе боз фаъол шуд
Корхонаи «Тоҷиксементстрой»-и шаҳри Душанбе (собиқ ҶДММ «Тоҷикшифер»), пас аз танаффуси яксола аз нав ба кор оғоз намуд.
Тавре аз Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, моҳи марти соли ҷорӣ ин корхона аз Федератсияи Русия асбест оварда, бо истифода аз сементи воридотӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин корхона 65 нафар бо ҷои корӣ доимӣ таъмин гардиданд.
Дар корхона, ки маводи сохтмонии шифер истеҳсол карда мешавад, ба иттилои вазорати энержӣ ва саноат 60 тонна асбест ва 350 тонна семент захира карда шуда, минбаъд дастрас намудани онҳо зери назорат гирифта мешавад.