Тахтаҳои иттилоотӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насб гардиданд
Дар пешайвон ва толорҳои фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тахтаҳои иттилоотӣ барои мусофирон омода карда шуд.
Тавре ба «Озодагон» аз маркази матбуотии фурудгоҳи байналмилӣ иттилоъ дод, ки акнун мусофирон оид ба раванди бақайдгирӣ пеш аз парвоз, аз назорати махсус, раванди бақайдгирии баъд аз парвоз, хизматрасониҳои толорҳои тиҷҷорӣ ва толори меҳмонони махсус, оид ба интиқоли бор, бағоҷ ва дигар қавоиди вобаста ба ҳавопаймоӣ маълумоти муфассал гирифта метавонанд. Ба қавли номбурда, дар тахтаи иттилоотӣ инчунин рӯйхати ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкорӣ доранд, мавҷуд аст. Дар сурати пайдо шудани ҳамагуна масъалаи вобаста ба ширкатҳои интиқолдиҳанда мусофирон метавонанд аз рақамҳои телефонӣ дар маълумотнома омада бо масъулини ширкати зарурӣ дар тамос шаванд. Ин шакли хизматрасонии иттилоотӣ барои мусофирон дастрас ва аз чанд ҷиҳат муфид буда, дар саривақт гирифтани иттилоъ кӯмак мерасонад. Албатта ҷаҳони пешрафта барои пахши иттилои расмӣ аз экранҳои калонҳаҷми электронӣ истифода мебаранд ва мусофири вориди толорҳо шуда иттилои заруриро барои худ бо пахши тугмача дарёфт менамояд. Аммо моҳияти коғазу қалам ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад, зеро ҳар чизе, ки навишта шуд, дар зеҳнҳо зуд ҷой мегирад. Бинобар ин метавон гуфт, ки додани иттилоъ тариқи тахтаи иттилоотӣ беҳтарин навъи хизматрасонӣ ба шумор меравад, афзуд манбаъ.