Маъруфияти Амрико дар ҷаҳон коҳиш ёфтааст
Муассисаи назарсанҷии “Геллап” бар асоси тозатарин назарсанҷии худ эълон кард, ки маъруфият ва маҳбубияти раҳбарии Амрико дар ҷаҳон коҳиш ёфтааст.
Хабаргузории "Форс" бар асоси назарсанҷии ҷадиди муассисаи “Геллап”, ки дар 130 кишвари ҷаҳон анҷом шудааст, мегӯяд, ҷойгоҳи раҳбарии Амрико дар ҷаҳон ба поёнтарин ҳадди худ аз замони раёсати ҷумҳурии Барак Обама расидааст.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, тасдиқи раҳбарии Амрико дар ҷомеаи байналмилалӣ ба 41% коҳиш ёфта аст, дар ҳоле ки соле қабл ин мизон 49% ва ду сол қабл ҳудуди 46% буд. Бар асоси ин назарсанҷӣ, 36% аврупоиҳо ҳануз раҳбарии Амрико дар ҷаҳонро қабул доранд, ки 11% камтар аз замоне аст, ки Обама ба раёсати ҷумҳурӣ расид.
Дар Қоҳира низ аз ҳар 10 нафар 7 нафар Амрикоро ба унвони раҳбари ҷаҳон мешиносанд, ки 15% камтар аз назарсанҷии қаблӣ будааст.