Корманди бонк дар нигоҳдории 12 кило мухаддирот муттаҳам мешавад
Мудири хазинаи филиали “Тоҷпромбонк” дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҷурми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шудааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Мирзоқодир Мирзоеви 29- сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, мудири хазинаи филиали бонки “Тоҷпромбонк”-и ин ноҳия ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд.
Манбаъ афзуд зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 12 килою 702 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.