Гусели Хушвақтов ба роҳи охират дар Маскав
Имрӯз, 16-уми март, соати 12: 30 дақиқа дар беморхонаи ба номи Бурденкои шаҳри Маскав маросими видоъ бо Хушбахт Хушвақтов, рассоми мардумии Тоҷикистон ва узви Академияи рассомони Русия баргузор хоҳад шуд.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, пайвандони марҳум қарор кардаанд, ӯро дар Маскав ба хок супоранд. Бо назардошти ин, Академияи рассомони Русия ва сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар расман ба шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин, муроҷиат кардаанд, то барои дафни рассоми тоҷик дар қабристони Троекуровск қитъаи замин ҷудо кунад. Дар муроҷиатнома аз Собянин хоҳиш кардаанд, ки бо назардошти саҳми бебаҳои Хушвақтов дар санъат ин масъаларо мусбат ҳал намояд.
Хушбахт Хушвақтов, рассоми мардумии Тоҷикистон, шаби 13-уми март дар шаҳри Маскав пас аз бемории кӯтоҳмуддат дар синни 87-солагӣ даргузашт.
Ӯ соли 1926 дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ба дунё омада, дар Донишкадаи рассомии ба номи В.И. Сурикови шаҳри Маскав таҳсил кардааст. Ӯ соли 1974 ба гирифтани унвони фахрии «Рассоми халқии ҶШ Тоҷикистон» шарафёб мегардад.
Хушвақтов фаъолияташро дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе оғоз карда, баъдан чанд муддат дар вазифаи раиси раёсати Иттифоқи рассомони кишвар кор кардааст. Марҳум муаллифи мусаввараҳои маъруфе чун «Хоруғ», «Ҳунармандони мардумӣ», «Абадият» буда, қисми зиёди маҳсули заҳматаш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод нигоҳ дошта мешавад.