Ҷамъоварӣ ва захираи меваю ангур дар Тоҷикистон идома дорад.
Тавре аз маркази матбуот ва иттилоти вазорати кишоварзӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ бояд 68 ҳазору 455 тонна мева ва 34 ҳазору 550 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шавад.Бино ба қавли манбаъ, то санаи 4-уми июл 8.764 тонна (13%) мева ва 199 тонна (0,6%) ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли мева 18 ҳазор ва нақшаи истеҳсоли ангур бошад 8.900 тоннаро дар бар мегирад, ки то имрӯз 4.052 тонна (23%) мева ва ба миқдори 199 тонна (2,2%) ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли мева 34 ҳазор ва ангур 19 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Боғдорони ин минтақа бошанд, ҳамагӣ 4.300 тонна мева ҷамъ овардаанду бас. Дар ноҳияҳои тобеи марказ нақшаи истеҳсоли мева 6.555 тонна ва ангур 6.650 тоннаро дар бар мегирад, ки айни ҳол 412 тонна (6%) мева ҷамъоварӣ карда шудааст.{jathumbnail off}