Муҳоҷирони маҷруҳ ва фавтидаро ба Душанбе оварданд
Субҳи имрӯз се муҳоҷири фавтидаи тоҷик ва як маҷрӯҳ аз Русия ба Душанбе оварда шуданд.
Дар қатори муҳоҷирони фавтида зани 24-солаи тоҷик, Марҷона Шерова, модари як кӯдаки сесола аз ноҳияи Ҳисор аст, ки тавре пайвандонаш ба хабаргузории "Озодагон" гуфтанд, дар натиҷаи сӯхтори яке аз ошхонаҳои Русия ба ҳалокат расидааст. Ҷасади Каримов Манучеҳри 23-сола аз ноҳияи Ҷиликӯл низ, ки зери дарахт мондааст, имрӯз ба Ватан оварда шуд. Ҷасади муҳоҷири дигари тоҷик, падари серфарзанд аз Регар, Эшқобилов Турсунмурод ҳам, ки дар фурудгоҳи Маскав ҷон додааст, ба Ватан расид.
Баробари ин Шеров Назришо, яке аз 6 муҳоҷири тоҷик, ки аввали ҳафтаи равон дар метрои Маскав аз корди фарди номаълум маҷруҳ шуданд, имрӯз ба Душанбе расид ва ба гуфтаи пайвандонаш ба ҷони ӯ таҳдиде вуҷуд надорад.
Ин ҳамла ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аввали ҳафтаи равон дар исгоҳи метрои “Теплий стан”-и шаҳри Маскав сурат гирифта дар натиҷаи он муҳоҷирони тоҷик -- Назришо Шерови 30-сола, Ҷӯрабек Жоғаракови-38 сола, сокинони ноҳияи Ванҷ, Манучеҳр Некқадамови 25-сола, сокини ноҳияи Шуғнон, Мустафо Ғафурови 21-сола, ва Рустам Мисқолови-26 сола, сокинони шаҳри Норак маҷруҳ шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар соли 2012 аз 1055 мавриди ба ҳалокат расидани муҳоҷирон, 88-тоаш куштор мебошад.
Дар ҳамин ҳол, пайвандони фавтидагон аз он шикоят мекунанд, ки зимни интиқоли ҷасади наздиконашон аз ниҳодҳои масъули тоҷик кӯмаке надидаанд. Ҷалолиддин Каримов, амакбачаи муҳоҷири фавтида Манучеҳр Каримов дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, зимни интиқоли ҷасади марҳум ба Душанбе аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва сафорат дар Маскав кӯмакеро нагирифтаанд.