Вокуниши вакили мудофеи Абдуллоҷонов ба ҳукми додгоҳ
Андрей Федур, вакили мудофеи Абдумалик Абдуллоҷонов, дар сӯҳбат бо «Озодагон» гуфт, ҳукми додгоҳи Шевченко маънои истирдоди нафари таҳти ҳимояташ ба Тоҷикистонро надорад. Ба қавли ӯ, ин танҳо мӯҳлатест, ки тамоми аснод ва далелҳо тафтиш ва пас аз он хулосаи ниҳоӣ бароварда хоҳад шуд.
Бо ин ҳол Федур мегӯяд, ҳукми додгоҳи Шевченко нишон медиҳад, ки Украина на меъёри қонунҳои ин кишвар ва на меъёрҳои байналмилалиро риоят намекунад. Ӯ гуфт, онҳо то панҷ рӯзи дигар фурсат доранд, ки аз болои ин ҳукм ба додгоҳи шаҳри Киев муроҷиат карда, бознигарии онро тақозо кунанд. Андрей Федур изҳори умед кард, ки ҳукми додгоҳи Шевченко нисбат ба Абдуллоҷонов ҳукми қонунӣ намегирад ва ӯ базудӣ аз боздошт раҳо хоҳад шуд.
Рӯзи 15-уми март додгоҳи ноҳияи Шевченкои Киев ҳукм кард, ки Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири собиқи Тоҷикистон, то як сол дар боздошт хоҳад буд. Ин ҳукм дар ҳоле эълон шуд, ки қарор аст, рӯзҳои 17-18-уми марти соли ҷорӣ Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина бо як сафар ба Душанбе омада, бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом бидиҳад.