Абдуллоҷонов: "Истирдоди ман ба Тоҷикистон ба ҳукми марг баробар аст"
Додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев, маркази Украина, ҳукм кардааст, ки Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, то як сол дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Ин ҳукмро рӯзи ҷумъаи 15-уми март додрас Владимир Бугин эълон карда ва гуфтааст, дар ин муддат масъалаи истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.
НАЗАРИ ВАКИЛИ МУДОФЕЪ
Худи Абдуллоҷонов ҳукми истирдодаш ба Тоҷикистонро баробар ба ҳукми марг донистааст. Хабарнигори пойгоҳи интернетии УНИАН, ки ин мурофиаи додгоҳиро назорат мекард, мегӯяд, нахуствазири собиқи Тоҷикистон аз бархӯрди додситонии Украина бо ӯ шикоят намудааст. Ӯ гуфта, ки додситонии Украина бо нақзи чаҳор қонун ва он ҳам ду қонуни байналмилалӣ ӯро боздошт карда ва дар ҳабс нигоҳ медорад.
Абдуллоҷонов боздошташро ба интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар Тоҷикистон рабт дода ва афзудааст, «ман ба онҳо зинда лозим нестам. Ҳоло ҳукуматдорони Тоҷикистон аз он ҳарос доранд, ки ҳар як ислоҳ алайҳи онҳо равона хоҳад шуд.» Ҷаноби Абдуллоҷонов инчунин гуфтааст, қарор буд моҳи феврали соли ҷорӣ ӯ ҳаққи шаҳрвандии Амрикоро ба даст орад. «Тамоми ҳуҷҷатҳо омода буданд ва ман ба коре ба Украина омада ва мехостам дубора бозгардам»,-изҳор доштааст ӯ.
Абдумалик Абдуллоҷонов панҷуми феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Борисполи Украина аз сӯи пулиси байналмилалӣ боздошт шуд. Онҳо гуфтанд, нахуствазири пешинро бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт кардаанд, ки ҳудуди 15 сол боз таҳти пайгард қарор дошта, барои даст доштан дар ҷиноятҳои сангин муттаҳам мешавад. Аммо Амнести Интернешнл ва Созмони Милал бо ирсоли нома ба мақомоти Украина гуфтанд, Абдумалик Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон истирдод накунад, чун ӯро дар кишвараш шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ дар интизор аст.Акс аз торнамои Радиои Озодӣ