Дар Қазоқистон эҳтимол баъзе аз нусхаҳои Инҷил сӯзонда шавад
Додгоҳе дар шимоли Қазоқистон барои аз нобуд кардани 121 китоби мазҳабии масеҳӣ дастур додааст, ки дар миёни онҳо баъзе нусхаҳои Инҷил низ ҳаст. Як масъули додгоҳ гуфта, ки эҳтимол ин китобҳо сӯзонида шаванд.
Мақомот ин китобҳоро аз шаҳрванди Қазоқистон Вячеслав Черкасов мусодира кардаанд, ки ба қавли онҳо, дар шаҳри Шучинск, воқеъ дар шимоли Қазоқистон, бепул ба мардум тақсим мекард.
Додгоҳ ӯро барои тақсими осори мазҳабӣ ба сокинон ба маблағи 575 доллари амрикоӣ ҷарима бастааст. Зеро ба гуфтаи масъулони додгоҳ, дар шаҳри Шучинск танҳо ду фурӯшгоҳ ҳаққи фурӯши осори мазҳабиро доранду халос. Аммо Черкасов мегӯяд, ин амалаш дар чаҳорчӯби қонун сурат гирифта, ғайриқонунӣ набуд.
Бар асоси «Қонун дар бораи дин»-и Қазоқистон, ки соли гузашта ба он тағйирот ворид карда шуда буд, танҳо фурушгоҳҳое ҳаққи фуруӯтани осори мазҳабиро доранд, ки иҷозатномаи расмӣ гирифтаанд.