Э.Раҳмон дар маркази Душанбе сиквои калифорнӣ шинонд
Имрӯз, 15-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бинои нави Вазорати корҳои хориҷиро, ки аз 8 ошёна иборат аст, расман ифтитоҳ намуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дар саҳни ҳавлии бинои нав дар маркази Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону собиқадорони корпуси дипломатии кишвар ду дарахти 50-солаи сиквои калифорнӣ шинонданд. Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон ин дарахтони бузургҷуссаро, ки зиёда аз 3 ҳазор сол умр мебинанд, бо дуои пояндагӣ ва ҷовидонагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шинондааст.
Баъди ин Эмомалӣ Раҳмон бо бинои нав шинос шуда, ба шароити кор барои кормандони вазорат, қабули меҳмонони хориҷӣ, маҷлису машваратҳо ва дигар чорабиниҳо баҳои баланд додааст.
Ин бино дар зарфи 2,5 сол бо харҷи қариб 73 миллион сомонӣ маблағҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ, аз ҷумла даромадҳои хадамоти консулӣ, бе сарфи маблагҳои буҷетӣ, бунёд ёфтааст.
То ҳол вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бинои маъмурии худиро надошт ва дар қаноти рости бинои парлумони Тоҷикистон ҷойгир шуда буд.