Созмони Милал ба рушди Тоҷикистон баҳои “миёна” дод
Созмони миллали муттаҳид суръати рушди Тоҷикистонро “миёна” баҳогузорӣ карда, онро баробари Қирғизистон дар зинаи 125-ум ҷой кардааст.
Дар гузориши ҷадиди СММ оиди рушд, ки 14-уми март нашр шудааст, ба панҷгонаи пешравҳои ҷаҳон Норвегия, Австралия, Амрико, Нидерландия ва Олмон ворид шудаанд. Аз миёни кишварҳои минтақа Қазоқистон ба рӯйхати кишварҳое ворид шудааст, ки суръати рушдашон баланд аст ва соҳиби зинаи 69-ум шудааст.
Туркманистону Узбакистон низ ба кишварҳои суръати рушдашон “миёна” ворид шуда, дар зинаҳои 102 ва 114 қарор гирифтаанд. Дар гузориши СММ Нигерия, Конго, Мозамбин, Чад ва Буркина-Фасо чун кишварҳои суръати рушдашон пасттарин арзёбӣ гардидаанд. Дар маҷмуъ гуруҳи кишварҳои суръати рушдашон заиф 44 кишвари дунёро дар бар мегирад.
Гузориши СММ оид ба рушд ҳамасола бо назардошти вазъи иҷтимоӣ – беҳдошт, маориф, муҳити зист, фарҳанг, ширкати одамон дар қабули қарорҳо, сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар омилҳо таҳия мешавад.