300 ҳазор зани 30-солаи тоҷик бешавҳар мондаанд
Муҳоҷирати меҳнатӣ мардонро дар Тоҷикистон камёфт карда, боиси он шудааст, ки 300 ҳазор зани ҳудуди 30-солаи тоҷик бешавҳар мондаанд.
Ин нукта дар дар гузориши ҷадиди Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, СММ ва Бонки ҷаҳонӣ, оиди раванди муҳоҷират дар Осиёи Миёна ва Русия таъкид шудааст.
Муаллифони гузориш менависанд, гарчанде расман дар Тоҷикистон теъдоди мардон аз занҳо 0,6 дарсад зиёд аст, амалан муҳоҷират боиси он шудааст, ки занон нисбати мардон дар кишвар бештар мондаанд.
Дар гузориш нишон дода шудааст, ки 30 дарсади тоҷикони муҷаррад дар муҳоҷират хонадор мешаванд: “Баробари муҷаррадҳо нисфи мардони зандор ҳам дар муҳоҷират никоҳҳои тақаллубӣ мебанданд. Ин боиси он мешавад, ки бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз ҳам мепошанд. Аллакай ин равандҳо ба он оварда расондаанд, ки 300 ҳазор зани ҳудуди 30-солаи тоҷик бешавҳар мондаанд.”
Муаллифони гузориш инчунин таъкид мекунанд, ки аз ҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон таи солҳои охир қариб 2 маротиба афзоиш ёфтааст ва яке аз омилҳояшро муҳоҷират арзёбӣ мекунанд.