Мусофирбарҳои "Осиё Экспресс" ба ҳаракат даромаданд
Мусофирбарҳои хурди ширкати "Осиё Экспресс" кори худро дар хатсайрҳои маҳаллӣ оғоз кардаанд. Абдуқаҳҳор Холов, сармуҳосиби ширкати "Осиё Экспресс", ба "Озодагон" гуфт, аз 38 хатсайре, ки Саристгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои пешин фаъолият менамуд, имрӯз танҳо дар 12-тои он автобуси онҳо ҳаракат хоҳад кард.
«Мо дар 12 хатсайр ба фаъолият шуруъ кардем. Албатта, бештари онҳо асосан марбут ба вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ мебошанд. Мо ҳоло имкони ба тамоми навоҳи марказ ҷудо намудани автобусҳои махсусро надорем ва ҳоло танҳо хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Ваҳдат-Файзобод, Душанбе-Ваҳдат -Обигарм ва Душанбе-Ваҳдат -Обигарм-Роғун мебошанд. Боқӣ сархатҳо марбут ба навоҳии вилояти Хатлон мебошанд. Шаҳри Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Панҷ, Данғара, Фархор Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Кулоб»,-афзуд мусоҳиби мо.
Дар мавриди нархи чиптаҳо ҷаноби Холов мегӯяд, чиптаҳои автобусҳои мусофиркаши ин ширкат дар асоси мувофиқатномаи Вазорати нақлиёту Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон нархгузорӣ шудаанд. Тибқи иттилои манбаъ як чиптаи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтепа 18 сомонӣ, Душанбе-Ҷалолиддини Румӣ 25 сомонӣ, Душанбе-Дӯстӣ 30 сомонӣ, Душанбе-Ваҳдат 5 сомонӣ, Душанбе-Файзобод 10 сомонӣ, Душанбе-Обигарм 18 сомонӣ, Душанбе-Кӯлоб 40 сомонӣ, Душанбе-Абдураҳмони Ҷомӣ 15 сомониро ташкил медиҳад.
Ширкати "Осиё Экспресс", ки моҳи октябри соли гузашта Маҷлиси Намояндагон бахше аз тиҷорати онро аз андоз озод намуда буд, барои интиқоли мусофирон 40 адад автобусу сад худрави истеҳсоли Олмонро ба Тоҷикистон ворид кардааст.