Рассоми мардумии Тоҷикистон дар Маскав ба хок супурда хоҳад шуд
Пайвандони Хушбахт Хушвақтов, рассоми мардумии Тоҷикистон ва узви Академияи рассомони Русия, қарор кардаанд, ӯро дар қабристони Троекуровски шаҳри Маскав дафн кунанд.
Бо назардошти ин, Академияи рассомони Русия ва сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар расман ба шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин, муроҷиат кардаанд, то барои дафни рассоми тоҷик дар қабристони Троекуровск қитъаи замин ҷудо кунад. Дар муроҷиатнома аз Собянин хоҳиш кардаанд, ки бо назардошти саҳми бебаҳои Хушвақтов дар санъат ин масъаларо мусбат ҳал намояд.
Маросими видоъ бо рассоми машҳур рӯзи шанбеи 16-уми март, соати 12:30 дақиқа бо вақти Маскав дар беморхонаи Бурденко дар назар аст. Хушбахт Хушвақтов, рассоми мардумии Тоҷикистон, шаби 13-уми март дар шаҳри Маскав пас аз бемории кӯтоҳмуддат дар синни 87-солагӣ даргузашт.
Ӯ соли 1926 дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ба дунё омада, дар Донишкадаи рассомии ба номи В.И. Сурикови шаҳри Маскав таҳсил кардааст. Ӯ соли 1974 ба гирифтани унвони фахрии «Рассоми халқии ҶШ Тоҷикистон» шарафёб мегардад.
Хушвақтов фаъолияташро дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе оғоз карда, баъдан чанд муддат дар вазифаи раиси раёсати Иттифоқи рассомони кишвар кор кардааст. Марҳум муаллифи мусаввараҳои маъруфе чун «Хоруғ», «Ҳунармандони мардумӣ», «Абадият» буда, қисми зиёди маҳсули заҳматаш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод нигоҳ дошта мешавад.
Ҳайати кории “Озодагон” ба наздикони Хушбахт Хушвақтов изҳори ҳамдардӣ мекунанд.