Хайруллоев имрӯз Герасимовро қабул мекунад
Валерий Герасимов, сардори ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Русия, ки бегоҳи 14-уми март ба Душанбе омад, нимаи аввали имрӯз, бо Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистон мулоқот мекунад.
Тавре Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дар доираи барномаи сафари Герасимов инчунин мулоқоташ бо сардори ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Рамил Нодиров дар назар аст. Ба иттилои Маҳмадалиев ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо дар бахши низомиро баррасӣ хоҳанд кард.
Инчунин дар назар аст, ки Герасимовро раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур пазирад. Гуфта мешавад, дар ин мулоқот масъалаи тасвиби созишномаи будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баррасӣ шавад.
Ин созишнома, ки моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардид, то ҳол аз ҷониби парлумони ин кишварҳо тасвиб нашудааст. Ахиран Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-ум аз дигар тавофуқоти Раҳмону Путин дар бахшҳои муҳоҷирату энергетика ҷудо нест ва дар назар аст, ки ин созишномаҳо ҳамзамон тасвиб гарданд.
Дар ҳамин ҳол ҳукумати Русия охирҳои моҳи феврал созишнома дар бораи пойгоҳи 201-умро тасдиқ намуда, ба Владимир Путин пешниҳод кард, то барои тасвиб ба парлумон ирсол намояд. Аммо мақомоти тоҷик то ҳол аз ирсоли ин созишнома ба парлумон хабар надодаанд.