Қисмати охирин мухолифони Эмомалӣ Раҳмон
Абдулазизи ВОСЕЪ
Онҳо аз як маҳал нестанд ва синну солашон ҳам гуногун аст. Муштаракоти онҳо ин аст, ки ду шахсияти сиёсишуда, ду чеҳраи мухолифи ҳукумат, ду боздоштшудаи аз ватан ҷудоянд ва мақомот кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, то ин ҳар дуро ба Душанбе истирдод намояд. Аммо як чиз маълум аст, ки эшонро дар ин ҷо бо гулу гулдаста пешвоз нахоҳанд гирифт…
Қувватов дигар қуввати мубориза надорад?
Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони маъруф ба "Гурўҳи 24" то 10-уми апрели соли равон дар боздоштгоҳи Дубай мемонад. Николай Николаев, вакили дифои номбурда дар сўҳбат ба "Озодагон" гуфт, дар мурофиаи додгоҳии ахир суди Дубай дархости ҷониби Тоҷикистон дар мавриди истирдоди ў ба Душанберо рад кард. Адвокат ҳамчунин илова кард, ки мурофиаи навбатӣ 10-уми апрел баргузор хоҳад шуд.
Бояд гуфт, Умаралӣ Қувватов 23-юми декабри соли гузашта бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд. Исми Қувватови ба матбуот ноошно замоне расонаӣ шуд, ки аз таъсиси ҳаракати оппозитсионии "Гуруҳи 24" дар Маскав хабар дод. Вай тобистони соли 2012 аз Тоҷикистон берун рафт ва якбора ба интиқоди шадиди ҳукумат оғоз кард. Аз ҷумла вай таъкид намуд, ки дар интихоботи соли 2013 бояд президенти феълӣ ширкат наварзад. Мақомоти тоҷик дар навбати худ ўро дар дуздии 6 миллион доллар маблағи ширкатҳои Тоҷирон ва Фароз муттаҳам медонанд. Гуфта мешавад, Қувватов то он ки ба Русия фирор кунад, дар ин ширкатҳо фаъолият доштааст.
Боздошти Умаралӣ Қувватов аз сўйи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифт. Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар изҳороте навишт, ки дар сурати истирдод ба Тоҷикистон, мавриди шиканҷаву рафтори бераҳмона қарор гирифтани Умаралӣ Қувватов аз эҳтимол дур набуда, ҳамчунин ба ў ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқи инсон, аз қабили дар ҳабс нигоҳ доштан бидуни ҳуқуқи мукотиба ва мурофиаи додгоҳии ғайримунсифонаи қазия таҳдид мекунанд: "Агар Қувватов ба ихтиёри Душанбе супорида шавад, дар ин ҳолат ҳукуматдорони АМА мутобиқи ҳуқуқи байнулмилалӣ ба иҷро накардани ўҳдадориҳои худ дар доираи манъи мутлақи шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона роҳ медиҳанд".
Ба назар мерасад, "қисса"-и Қувватов бо ҳамин хотима ёфт. Агар то як моҳи дигар ҷониби Тоҷикистон Аморатро мутақоид созад, ки истирдоди ў ба Душанбе амри зарурист, пас дар мавриди вай мисли Ғаффор Мирзоеву Маҳмадрўзи Искандаров сухан хоҳанд кард.
Коршиносон боздошти Қувватовро ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли равон рабт медиҳанд. Як чунин ҳолати дигар ҳамчунин ба интихобот рабт дода мешавад, боздошт шудани мухолифи дигари ҳукумат- Абдумалик Абдуллоҷонов аст.
"Наҳанге", ки ҳамакнун ба "моҳӣ" табдил шудааст
Исми Абдулоҷонови замоне матраҳ дар чанд соли ахир қариб ба гўшаи фаромўшӣ рафта буд. Хабари боздошти ў ВАО-ро водор кард, саҳифаҳои таърихро варақ бигардонанд. Абдуллоҷонов бо лақаби "наҳанги ҷумҳурӣ", ки як рўзнома ба ў часпонд, маъруф буд.
Собиқ нахуствазири Тоҷикистон, 5-уми феврал дар фурудгоҳи "Бориспол"-и Украина бо мусоидати пулиси байналмилал- Интерпол боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз Украина тақозои истирдоди ўро ба Душанбе намуданд, аммо Абдуллоҷонов боздошташро "як иштибоҳ" хонд. Ў эълом дошт, ки паноҳандаи сиёсӣ дар ИМА мебошад ва шахси таҳти ҳимояи СММ набояд ба Тоҷикистон истирдод шавад. Ҳамзамон, мақомоти қудратии Душанбе Абдуллоҷоновро дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои сангин, аз қабили таъсиси гуруҳи ҷиноӣ, қасди ғасби ҳокимият, куштор ва терроризм, айбдор медонанд.
Созмони авфи байналмилал (Amnesty International) ба сурати оҷил алайҳи истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов изҳорот пахш карда, озодии ўро талаб намуд. Дар ин баёния гуфта мешуд, ки боздошт ва талаби истирдоди Абдуллоҷонов ба интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон рабт дорад. Amnesty International таъкид кардааст, ки дар арафаи интихоботи президентӣ, ҳукумати Тоҷикистон маъракаи густурдае пеш гирифтааст, ки барои саркўб ва хомўш намудани мухолифини он равона шудааст. Ин созмон афзудааст, Абдуллоҷонов дар сурати истирдодаш ба Душанбе мавриди шиканҷа ва ноадолатиҳои судӣ қарор хоҳад гирифт.
Созмони милали муттаҳид низ қаблан ба ҳимояи Абдуллоҷонов бархоста, аз ҳукумати Украина талаб кард, то нафареро, ки дар Амрико ҳамчун гуреза эътироф шудааст, таҳти ҳимоят бигирад ва аз истирдодаш ба Душанбе ҷилавгирӣ кунад. СММ изҳори умед кардааст, ки "Украина дархости истирдоди ин фардро рад карда ва бар асоси асноди байналмилалии эътирофшуда, ўро ҳарчӣ зудтар раҳо мекунад".
Абдумалик Абдуллоҷонов солҳои 1992 - 1995 сарвазири Тоҷикистон буд. Моҳи ноябри соли 1994 вай дар баробари Эмомалӣ Раҳмон муддаии курсии президентӣ шуд, вале ноком монд.
Ду фарзия ва ду бархӯрд
Ба назар мерасад, фаъолиятҳои оппозитсионии ҳам Қувватов ва ҳам Абдуллоҷонов, ки аз сарчашмаҳои мухталиф маншаъ мегиранд, ба як нуқта нигаронида шудаанд ва он ду филми аз рўйи сужа монандро ба хотир меорад: ҳар ду дар фурудгоҳ боздошт шуданд. Мақомоти тоҷик дархости истирдоди ҳар дуро дорад ва Amnesty International ин боздоштҳоро шадидан интиқод кард. Муҳимтар аз ҳама боздошти онҳо ба интихоботи президентии ноябри соли 2013 рабт дода мешавад.
Ҳоло рўшан нест, ки тақдири ин ду чеҳраи сиёсӣ чӣ мешавад. Билохира, Тоҷикистон ба истирдодашон муваффақ мегардад, ё хайр?
Дар ҳамин ҳол, бархе таҳлилгарон тахмин мезананд, ки эҳтимол пушти ин боздоштҳо қудратҳои ҷаҳон амсоли Русия ва Амрико истодаанд. Онҳо мегўянд, ҳар яке аз ин кишварҳо аз тариқи чеҳраҳои мухолиф мехоҳанд ҳадафҳояшонро бароварда созанд. Ҳоло ин танҳо як тахмин аст ва агар воқеият дошта бошад, пас дар ин "набард" кӣ пирўз мешавад? Ҳоло чизе гуфтан душвор аст.