Вазир хост, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо назорат шавад
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, аз фаъолияти бахши ҳавопаймоӣ дар кишвар интиқод намуда, аз масъулини соҳа талаб кардааст, ки ҳар чи зудтар камбудҳоро бартараф кунанд.
Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Низом Ҳакимов дар як ҷаласаи махсус, муовини наваш Ганҷалов Шералӣ Раҳмоновичро, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 7-уми марти соли равон ба ин мансаб таъин гардид, ба ҳозирин муаррифӣ намуда, суолҳои мубрами бахши нақлиётро матраҳ кардааст.
Вазир аз масъулини соҳаи ҳавопаймоӣ талаб кардааст, ки масъалаи фурӯши чиптаҳо, ҷадвали парвозҳо ба низом оварда шуда, камбудҳои ҷойдошта зудтар ислоҳ шаванд.
Ин дар ҳолест, ки бо фарорасии фасли баҳор сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа, махсусан ба Русия зиёд мешавад. Бо назардошти талаботи зиёд, арзиши чипта ё билет аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия аз ҳадди 500 доллари амрикоӣ гузаштааст, ки нисбат ба нархҳои аввали сол 200 доллар гаронтар мебошад.