Имрӯз рӯшан мешавад, Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон хоҳанд дод, ё не
Имрӯз, 15-уми март, додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев рӯшан хоҳад кард, ки оё Украина Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистонро ба мақомоти ин кишвар таслим хоҳад кард, ё на. Ин муҳокимаи додгоҳӣ соати 11 ба вақти Украина оғоз хоҳад ёфт.
Пойгоҳи интернетии УНИАН мегӯяд, дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳии Абдуллоҷонов, ки рӯзи панҷшанбе оғоз ёфт, додситонӣ делои шахсии ӯ ва ҳамчунин асноди муҳим барои ин мурофиаро ба додгоҳ пешниҳод нанамудааст. Танҳо вакили мудофеи Абдулллоҷонов, Андрей Федур, дар додгоҳ гуфтааст, нафари таҳти ҳимояташ аз роҳи қонунӣ ба Украина омада, рақами инфиродӣ дошт, ки дар Амрико ба паноҳандагони сиёсӣ дода мешавад.
Илова бар ин, Федур гуфтааст, Абдуллоҷонов дар ҳоли ҳозир шаҳрванди Тоҷикистон нест, чун хеле барвақт аз ҳаққи шаҳрвандӣ дар кишвар маҳрум шудааст. Ин вакили мудофеъ аснодеро аз Сафорати Амрико ва намояндагии дафтари Созмони Милал дар Украина дарёфт ва ба додгоҳ пешниҳод кардааст, ки мақоми паноҳандагии Абдуллоҷоновро таъйид мекунад. Федур гуфтааст, бар пояи қавонини байналмилалӣ Укриана набояд Абдуллоҷоновро ба мақомоти Тоҷикистон супорад.
Абдумалик Абдуллоҷонов, ки 15 соли ахир таҳти пайгард қарор дошт, панҷуми феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи “Бориспол”-и Украина аз сӯи пулиси байналмилалӣ ё Интерпол боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон, ки ӯро дар чандин ҷинояти сангин муттаҳам медонанд, аз Украина тақозо кардаанд, ки нахуствазири пешинро ба Душанбе истирдод кунад. Аммо баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Амнести Интернешнл, боздошти Абдуллоҷоновро ба интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рабт дода ва аз мақомоти Украина хостанд, ӯро ба Тоҷикистон надиҳад, чун ба гуфтаи ин созмон нахуствазири пешинро дар кишвараш шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ дар интизор аст.