20 ҳунарманди тоҷик президентро дар Ашқобод ҳамроҳӣ мекунанд
Дар базми наврӯзии имсола дар Ашқобод баробари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон инчунин ҳунармандони тоҷик ва кормандони “Тоҷикматлубот” ширкат мекунанд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, 20 ҳунарманди тоҷик аз Филармонияи давлатӣ барои иштирок дар ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки рӯзи 21- уми марти соли ҷорӣ дар пойтахи Туркманистон- шаҳри Ашқобод баргузор мегардад, даъват шудаанд.
Баробари ҳунармандон, намояндагони «Тоҷикматлубот» низ барои иштирок дар ин ҷашн ба Ашқобод рафта, дар он ҷо дастархони наврӯзии тоҷикиро ба намоиш хоҳанд гузошт.
Соли 2011-ум аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз чун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, акнун дар кишварҳои минтақа дар сатҳи олӣ таҷлил мегардад. Соли гузашта Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки раисони ҷумҳуриҳои минтақа дар Тоҷикистон таҷлил гардида буд.