МТС дар моҳи апрел Узбакистонро тарк мекунад
Ширкати русии «МТС» эҳтимол моҳи апрели соли ҷорӣ бозори алоқаи Узбакистонро тарк намояд.
Дар ин бора Владимир Евтушенков, як масъули МТС дар суҳбат бо расонаҳои Русия изҳор доштааст.
Масъулини МТС мегӯянд, то он даме, ки таҷҳизоти ин ширкат дар Узбакистон боқӣ мемонад, кормандони он фаъолияти худро идома медиҳанд. Ахиран Додгоҳи иқтисодии Тошканд ба расмият шинохтани муфлисшавии ширкати “Уздунробита”, намояндаи МТС дар Узбакистонро рад карда, мурофиаи навбатии қазияро ба 22-юми апрел мавқуф гузоштааст.
Сабаби аслии берун шудани МТС аз бозори алоқаи Узбакистон, варшикастагии ширкати “Уздунробита” арзёбӣ мешавад, ки моҳи январи соли 2013 барои муфлис эълон шуданаш ба додгоҳ муроҷиат намуда буд. Тибқи қонунгузори Узбакистон ширкате, ки уҳдадориҳояшро дар назди додгоҳ иҷро карда наметавонад, дархости муфлисшавӣ мекунад.
Айни ҳол алайҳи МТС дар додгоҳҳои Узбакистон ба маблағи 600 миллион доллар даъво пешниҳод шудааст.