“Марзбонони тоҷику қирғиз марзшиканонро намепаронанд, агар...”
Қирғизистону Тоҷикистон тавофуқ кардаанд, ки нисбат ба марзшиканон аз силоҳ кор нахоҳанд гирифт, агар таҳдиде барои ҳаёти марзбон вуҷуд надошта бошад.
Дар баробари ин, Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Токон Маметов, сардори Хадамоти ҳифзи сарҳадоти Қирғизистон, рӯзи 13-уми март дар Исфара созиш кардаанд, ки дар қисматҳои мушкили марзӣ гуруҳҳои муштараки марзбонон таъсис хоҳанд ёфт. Тавре Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо қарор кардаанд, ки то мушаххас шудани хатти марз дар минтақаҳои баҳсӣ бояд замин барои кишту сохтмон ҷудо нагардад. Мақомоти қирғиз мегӯянд, натиҷаи мулоқоти Шералӣ Мирзо ва Токон Маметов нишон доданд, ки Қирғизистону Тоҷикистон ҳавасманданд, ки ҳар чӣ зудтар баҳсҳои марзӣ ҳалли мусбати худро пайдо кунанд.
Бар асоси маълумоти расмӣ, Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин танҳо 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Барои мушаххас кардани қисматҳои боқимондаи марз гуфтушуниди мақомоти ду кишвар солҳост, ки идома дорад.