Дар Қазоқистон дастрасӣ ба Фейсбукро маҳдуд кардаанд
Шабакаи иҷтимоии Facеbook дар қаламрави Қазоқистон дастнорас гардидааст.
Юлию Исакова, сардори Шуъбаи равобит бо ҷомеаи ҷамъияти саҳҳомии "Казахтелеком", сабаби баста шудани ин шабакаро "мушкили техникӣ" арзёбӣ намудааст. Расонаҳои Қазоқистон аз қавли Исакова хабар медиҳанд, ки дар хориҷ аз кишвар садамае рух додааст ва дар натиҷа шабакаи иҷтимоии фейсбук ва низомҳои пардохти онлайн дастнорас гардидаанд.
Ба гуфтаи сардори Шуъбаи равобит бо ҷомеаи "Казахтелеком", ин ширкат интернетро дар ҳамдастӣ бо якчанд оператори хориҷӣ таъмин мекунад ва дар сурати бо мушкилот дучор шудани шарикони хориҷӣ дастрасӣ ба интернет дар Қазоқистон низ маҳдуд мешавад.