Воҳидова талаб дорад, шикояти “Тоҷирон” баррасӣ нашавад
Имрӯз, 14-уми март, соати 10:00 дар Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баррасии даъвои ширкати “Тоҷирон” алайҳи Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва рӯзномаи “ИмрӯзNews” оғоз мегардад.
Тавре Файзиниссо Воҳидова, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, имрӯз пеш аз оғози мурофиа аз Додгоҳ талаб хоҳад кард, ки даъвои ширкати “Тоҷирон”-ро баррасӣ накунад. Воҳидова гуфт, даъвои “Тоҷирон” бар изофаи он ки поя надорад, набояд дар додгоҳи иқтисодӣ баррасӣ шавад: “Дар матлабе, ки боиси даъвои “Тоҷирон” шудааст, оид ба фаъолияти иқтисодии ширкат умуман сухан намеравад. Гап он ҷо дар бораи ронандае меравад, ки воситаи нақлиёташ ба ширкати “Тоҷирон” тааллуқ дорад ва ин ронанда даст ба тамаъҷӯӣ задааст. Ин ҷо бояд тафтишот гузаронда мешуд ва гунаҳкор муайян мегардид. Аммо “Тоҷирон” даъво дорад, ки матлаб шаъну шарафашро паст задааст, дар ҳоле ки дар он оид ба фаъолияти ширкат сухан намеравад. Чунин даъвоҳоро бояд додгоҳҳои умумӣ баррасӣ кунанд.”
“Тоҷирон” аз болои Файзиннисо Воҳидова ва “Имрӯз Нюс” ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурда, аз вакили мудофеъ 50 ҳазор сомонӣ ва аз нашрия 1 сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Эътирози ширкати “Тоҷирон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (Имрӯз Нюс) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ "Тоҷирон" ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад.
Қаблан Файзиннисо Ваҳидова, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфта буд, барои созиш бо ҳеч тараф розӣ намешавад ва дар ин баҳс худро гунаҳкор ҳам намеҳисобад: “Дар рӯзнома ин матлаб дар шакли мусоҳиба чоп шудааст ва ман муаллифи матлаб нестам, балки ҳамчун ҳуқуқшинос ба суолҳо посух ва баҳои ҳуқуқӣ додаам.”