Тавре дар баёнияи масъулини ин Анҷуман омадааст, ҳадафи онҳо ба ҳам овардани ҷавонони мусулмон, баррасии мавзӯву мушкилоти онҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориву қаробати байни ҷавонони мусулмон мебошад.
Гуфта мешавад, барномаи ин Анҷуман мубоҳисаву мизҳои гирд, маърӯзаву сабқатҳо ва корҳои амалӣ оид ба Ислом, ҳамчунин вохӯрӣ бо рӯҳониёни саршиноси Исломро низ дарбар мегирад.
Дар давраи амали Анҷуман хадамоти матбуотии он фаъол шуда, нашри ҳаррӯзаи рӯзнома, намоиши филмҳои мусулмонӣ низ анҷом хоҳад шуд.
Сарпарастии Анҷуманро Раёсати муносибот бо ташкилотҳои динии назди Президенти Тотористон ва дигар муассисахои давлативу динӣ ба ӯҳда гирифтаанд.