Ҳаракат дар хиёбони марказии Душанбе маҳдуд мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз, 14-уми март, охирин рӯзи сафари кории Ҳайнс Фишер, раисиҷумҳури Австрия дар Душанбе, ҳаракат дар хиёбонҳои марказӣ маҳдуд хоҳад шуд.
Тавре аз Вазорати умури доохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, имрӯз, аз соати 09:20-дақиқа то соати 11.00-дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ ва аз соати 12:45-дақиқа то 13:30-дақиқа дар хиёбони Рӯдакӣ, Айнӣ, Аҳмади Дониш аз чорроҳаи кӯчаи А.Дониш-Айнӣ то Фурудгоҳ, И.Сомонӣ аз чорроҳаи кӯчаҳои И.Сомонӣ-Сино то И.Сомонӣ-Рӯдакӣ манъ карда мешавад.
Вазорати умури дохилӣ ба ронандагони воситаҳои нақлиёт маслиҳат медиҳад, ки имрӯз тавассути кӯчаҳои Карамов, Ҳофизи Шерозӣ, Шотемур, Дӯстии Халқҳо ва Айнӣ ҳаракат кунанд.