Гул Шералӣ аз чиниҳо хостааст, фаъолтар бошанд
Сармоягузорони корхонаи тиллои “Зарафшон”, ки 75 дарсади саҳмияҳош ба Чин тааллуқ дорад, ба Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон ваъда додаанд, ки то Иди Наврӯз иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор медароранд.
Тавре аз Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, сармоягузорони чинӣ дар мулоқот бо Гул Шералӣ изҳор доштаанд, ки фабрикаи бойгардонии иқтидораш 2000 тонна маъдан дар як шабонарўз ва сохтмони коргоҳи поксозии тилло пурра ба итмом расонида шуда, дар арафаи иди Наврўз ба истифода дода мешавад. Инчунин сармоягузорон афзудаанд, ки сохтмони фабрикаи бойгардонӣ то соли 2014 бо иқтидори 10000 тонна маъдан дар як шабонарӯз ба анҷом расонида мешавад ва 200 ҷойи кори нав бунёд мегардад.
Гул Шералӣ дар навбати худ аз масъулини “Зарафшон” хостааст, дар масъалаҳои сохтмони коргоҳи металлургии коркарди мис, дўзандагӣ, заргарӣ ва иншоотҳои маишӣ-иҷтимоӣ, мактаб, боғчаи кўдакона фаъолтар бошанд.